ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2024

Хабарҳо

Санаи 11 октябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон таҳти раёсати раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Н.М. ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024 баргузор гардид.

Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа муовини якуми раиси ноҳия ахборот дода, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар нуҳ моҳи соли 2024 – ро баррасӣ намуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни баррасии ахборотҳо фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия – нозироти андоз, Раёсати молия, Раёсати омори ноҳия, Кумитаи замин, хоҷагии беҳдошти об, хоҷагии коммуналӣ, хоҷагии роҳ, шӯъбаи кишоварзӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, идораи барқ, маориф, бахши фарҳанг, беморхонаи марказӣ, бахши ҷавонон ва варзиш, шуғли аҳолӣ, бахши танзим ва дигар соҳаҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Доир ба саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, масъулинро муваззаф намуданд, ки дар рушди иқтисоди иҷтимоии ноҳия масъулияти баланд нишон дода, ҳар як шаҳрванд саҳмгузор бошанд.

Инчунин зикр намуданд, ки нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияро ба тарзи мушаххас ва дақиқ таҳлил намуда, сари вақт ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шавад.

Аксҳо аз рафти ҷаласа: