Тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи 22 октябри соли ҷорӣ аз рафти сохтмони мактаби рақами 37 дидан ба амал оварда шуда, бо сокинони деҳаи Ганҷина сӯҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯри раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия – Сатторов Икромҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки мактаби мазкур ба тарзи замонавӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин сохта шуда, дорои 10 синфхона ва 240 ҷойи нишаст мебошад.
Ҳамзамон дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амалӣ намудани қонунҳои амалкунанда, пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷаншу маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ба тарзи дахлдор ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободкорӣ баррасӣ карда шуданд.