Вохӯрии Прокурори вилояти Хатлон – Назарзода Авазҷон дар толори васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи 23-юми октябри соли ҷорӣ бо оммаи васеи фаъолони ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ , роҳбарони идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ходимони дин баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вобаста ба сазовор пешвозгирии 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ”, риояи қонунҳо, пешгирӣ ва таҳти назорати қатъӣ қарор додани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба масҷид роҳ надодани ноболиғон, дар мӯҳлатҳои муайяншуда рафтани ҳаҷ, манъ кардани тарғиби либосҳои бегона аз қабили сатру ҳиҷоб, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пӯшидани либоси миллӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, хариду фурӯши замин сухан рафт.
Прокурори вилояти Хатлон вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо дар самти иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тарзи дахлдор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас додаанд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: