Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар ин робита роҳбарияти ноҳияи Хуросон тасмим гирифтанд, ки соҳибкорони муваффақро дар ин самт дастгирӣ намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ баҳри таъмин намудани маҳсулоти сифати баланд аз ҷумла гушту ширро бо шароитҳои зарурӣ таъмин намоянд.
Зимни дидан намудани аз ҶДММ хоҷагии зотпарварии “Саодат” раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир аз фаъолияти хоҷагии мазкур огоҳ гардида, аз раванди корҳои пешбурдаи хоҷагӣ натиҷагузорӣ намуданд. Муайян гардид, ки ҶДММ хоҷагии зотпарварии “Саодат” ба истеҳсоли гушту шир машғул буда, маҳсулоташ бозорҳои вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин менамояд.
Дар ҶДММ хоҷагии зотпарварии “Саодат” говҳои зотии “Сементал” ва “Голштейн” парвариш карда шуда, барои рушд додани соҳаи чорвопарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти гуштиву ширӣ аз давлати Белорусь боз зиёда аз 30 сар гови зотии “Голштейн” дастрас карда шуданд. Бо ҳамин тарз хоҷагии зикргардида маҳсулотро ба маротиб зиёд намуда барои содирот ба дигар давлатҳои ҳамсоя омода менамояд.
Аксҳо: