ЛИБОСИ МИЛЛӢ – ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН.

Хабарҳо

Даври ноҳиявии Фестивали вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ- осори тамаддуни ҷаҳон” дар ноҳияи Хуросон бо ҳамоиш оғоз гардид.

Дар ин чорабинӣ корманди Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – Ғоибова Ҷонона иштирок намуда, вобаста ба таърихи либоси миллӣ ва рукнҳои муаррифии миллат баромад карда, баргузории Фестивали мазкурро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат саривақтӣ ҳисобиданд.

Дар доираи Фестивали мазкур, ки бо Амри Раиси вилоят баргузор гардида истодааст, барои тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии истифодаи либоси бегона нақши муносиб хоҳад гузошт.

Дар ҳамоиш бонувон бо либоси миллӣ, ки ҳамагӣ тарғибгари фарҳангу тамаддуни миллат буд иштирок карда, садоқати худро ба ин рукни фарҳанги миллӣ собит намуданд.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ: