ВОХӮРӢ БО ВОЛИДАЙН ТАРИҚИ УСУЛИ МАКТАБ БА МАКТАБ

Хабарҳо

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон рӯзи 29 октябри соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри амали намудани қонунҳои амалкунанда, пешгирии экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда, ҷинояткорӣ, таълимоти ғайрирасмӣ, пӯшидани сарулибоси ба фарҳанги мо бегона ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Фахробод баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҳар як шаҳрванд тақозо карда мешавад.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: