ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ДАР НОҲИЯ ИДОМА ДОРАД.

Хабарҳо

Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта, боигарии асосии давлати маҳбубамон Тоҷикистон мебошад. Феълан дар ноҳияи Хуросон маъракаи густурдаи ҷамъоварии пахта идома дошта, мақомот талош бар он доранд, ки ҳосили тилои сафедро бидуни талаф ғундоранд.

Таъкид мешавад, ки дар соли 2024 дар назди хоҷагидорони пахтакор вазифа гузошта шудааст, ки зиёда аз 10 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

Дар ноҳияи Хуросон ситодҳои доимоамалкунанда фаъолият дошта, дар асоси дастури роҳбарияти вилояти Хатлон тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ новобаста аз шакли моликияташон берун аз вақти корӣ ба ҳашарҳои дастаҷамоанаи ҷамъоварии пахта ҷалб карда мешаванд.

Аксҳо аз рафти пахтачинӣ: