Дар таърихи навини халқи тоҷик қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлол яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин ҷашни муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хоса таҷлил мегардад.
Шашуми ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби халқи тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.
Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Бо дарназардошти он ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷўёнаро дар амал татбиқ менамояд.
Дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлолият нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Ҳанўз моҳи декабри соли 1993 дар арафаи муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат чунин иброз дошта буданд: “Имрўз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем, ки асоси эҷоди ин навъи давлатро Конститутсияи нави ҷумҳурӣ мегузорад”.
Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар масири ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расид.
Ҳоло ки мо дар арафаи таҷлили 30 – юмин солгарди санади тақдирсози кишвар қарор дорем, бояд бори дигар ба таърихи қабули он назар андохта, андеша намоем, ки то имрӯз дар заминаи ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ дар самти эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи адолатпарвар бо чӣ қадар дастовардҳо ноил шудаем.
Зеро ёдовар шудан аз дастовардҳо ба мардуми ноҳия ва хусусан ҷавонон имконият медиҳад, ки аҳамияти таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқии Конститутсияро амиқан дарк намоянд.
Шарифзода И. – муовини
раиси ноҳияи Хуросон