РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Рӯзи 5 ноябр дар маркази ноҳия ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Дар роҳпаймоӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон, ҷавонон ва варзишгарон, инчунин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳиявӣ фаъолона иштирок карда, эҳтироми Конститутсияро ҳамчун саодатномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ: