Имрӯз, 5 ноябри соли ҷорӣ дар толори Кохи Хуросони ноҳия бахшида ба истиқболи 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, дар даҳгонаи беҳтарин конститусияҳои ҷаҳонӣ меистад.
Дар охир барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо сурудҳои саршор аз тараннуми Ватан ва сулҳу субот пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: