Имрӯз дар қисми ҳарбии 06870 Б, воқеъ дар ҷамоати Фахрободи ноҳияи Хуросон бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Турсунзода Дӯстмурод – муовини раиси ноҳияи Хуросон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарбозонро бо ҷашни мазкур табрик намуда, қайд кард, ки ин санади муқаддас бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксарияти мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи кишварамон таҳия ва пазируфта шудаст.
Дар фарҷом барои хизматчиёни ҳарбӣ мизи идона ороста шуд ва барномаи фарҳангӣ хотири онҳоро шод намуд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: