БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ НАМУДАНИ ҲОСИЛИ БОҚИМОНДАИ ПАХТА ДАР НОҲИЯ

Хабарҳо

13-уми ноябри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини аввали раиси вилояти Хатлон- Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир дар ноҳия бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои фаврии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯриашон дар ноҳияи А.Ҷомӣ ироа намуда буданд, вохӯрӣ доир гашт.

Дар ҷараёни ин сӯҳбат ба ҳамаи иштирокчиён супориш дода шуд, ки ҳосили бо заҳмат парваридаи деҳқонон -“тиллои сафед”-ро дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ҷамъоварӣ намоянд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: