Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафари кориашон дар ноҳияи А. Ҷомӣ ироа намуда буданд, субҳи рӯзи 16-уми ноябр дар ноҳия бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, гурӯҳи кории вилоятӣ, раиси ноҳия Суризода Носир ва тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ дар хоҷагии деҳқонии “Неъматулло”-и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ба ҷамъоварии дастаҷамъонаи ҳосили пахта сафарбар гардиданд.
Ҳамчунин Давлаталӣ Саид аз хизматҳои шоёни Сарвари давлат ҷиҳатииба даст овардани сулҳи комил ва сарҷамъ кардани мардум, эҳтироми муқаддасоти Ватан сухан гуфта, ҳамаи ҳашарчиёнро бо “Рӯзи Президент” самимона муборакбод намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо пахтакорон барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, ҷалби ҳашарчиён, пардохти музди меҳнат, ба корхонаҳои коркард супоридани пахта супоришҳо доданд.
Инчунин, ба роҳбарияти ноҳия барои фароҳам овардани шароити корӣ ва назорати рафти чиниши пахта дастур дода шуд.
Аксҳо аз рафти пахтачинӣ: