Рӯзи 15 ноябри соли равон дар Кохи Хуросон бахшида ба рӯзи Президент ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.
Баъди садо додани суруди миллӣ Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон ҳозиринро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки: Таърихи тамаддунофари миллати тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар сарнавишти халқамон нақши тақдирсоз бозидаанд.
Ҳамасола дар кишвари азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати шарафманди тоҷик мебошад. Гарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таҷлили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб намудаст.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.
Муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфт.
Чорабинии фарҳангӣ анҷомбахши чорабинии тантанавӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: