Бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 21 ноябр дар шӯъбаи маорифи ноҳия бо иштироки роҳбарон ва кормандони самти иҷтимоӣ ноҳия конференсия таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон” доир гардид.
Дар кори конференсия Шарифзода Идигул – муовини раиси ноҳияи Хуросон иштирок ва баромад намуданд.
Қайд намуданд, ки тоҷикон дар ҳама давру замон соҳиби забон, сарҳад ва парчами худ буданд.
Онҳо бори аввал зери дирафши Кова ба муқобили заҳҳокиён мубориза бурданд, барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ сар боло намуданд.
Хушбахтона имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо соҳиби Парчами худ гаштем.
Имрӯз ҷавонони бонангу баори мо, ҳомиёни муқаддасоти миллии мо дар арсаи байналмилалӣ Ливои моро баланд мебардоранд, номи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун ҳомию пуштибони сулҳ муаррифӣ мекунанд.
Аксҳо аз рафти конференсия: