22 ноябри соли равон дар Коҳи Хуросони ноҳияи Хуросон бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик аз қадим давлатдор буда, ба рамзҳои давлатдории худ аз ҷумла парчам, эҳтироми хоссаро зоҳир менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин муқаддасоти миллӣ дар яке аз суханрониҳояшон чунин зикр намудаанд: “Парчами давлатӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мост”.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунарманди маъруфи ҷумҳурӣ Шуҳрат Сайнаков хотимабахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ….