МОДАРИ СОЛИМ – КӮДАКИ СОЛИМ.

Хабарҳо

Имрӯз дар ноҳия доир ба Барномаи миллии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак ва татбиқи “Дастури шарикӣ дар масъалаҳои саломатӣ” Шӯрои ҳамоҳангсозӣ гузаронида шуд.

Дар Шӯро муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул, намояндаи лоиҳаи “Модари солим – кӯдаки солим” – Додоҷонова Раъно, корманди ҷумҳуриявии Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим – Мухторова Парвина, намояндагони бахшҳои дин, занон, ҷавонон, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, МКАТС, маркази репродуктивӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шӯъбаи занонаи беморхонаи марказӣ иштирок доштанд.

Бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳалталаб ва натиҷагирӣ аз рафти татбиқи фаъолиятҳои дастур ба барномаи номбурдаро дар сатҳи ноҳия муҳокима карданд. Ба нақша гирифтани фаъолияти лоиҳаи мазкур ҷиҳати солимгардонии аҳолӣ барои солҳои 2025-2026 дар мадди аввал гузошта шуд.

Аксҳо аз рафти Шӯро: