30-юми январ, тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ Шарифзода Назрулло – муовини раиси Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон, Шарифзода Идигул – муовини раиси ноҳияи Хуросон ва дигар фаъолону сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Вобаста ба таҳлилу баррасӣ, дастуру супориш ва супоришҳое, ки зимни ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта буданд, ибрози назар карданд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паёми худро расонида, бо зикри пешрафту муваффақиятҳои тамоми самтҳои давлатдорӣ ва баёни масъалаҳои мубрами рӯз дар саросари кишвар ва берун аз он, миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, ки дар он муҳимтарин самтҳои давлатдорӣ, ба бунёди ояндаи нек ва рушду устувории иқтисодиёти мамлакат, инчунин некӯаҳволии ҷомеа пояҳои устувор мегузоранд.
Оид ба пешгирии масъалаҳои доғи рӯз терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии ҷиноят дар байни ҷавонон ва дигар аъзои ҷомеа, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон суханронӣ карданд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

