АЗ ПАЁМ ТО НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ.

Хабарҳо

11 январи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастии “Натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Музаффар Ашуриён ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси РСМС дар вилоят – Шарифзода Назрулло иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир доир ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ноҳия суханронӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳаҳо супориши қатъӣ доданд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Вазири Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар аз дастоварду камбудиҳо ёдовар шуда, қайд намуданд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2025 роҳнамоӣ ҳар яки мо ба хисоб меравад.

Аксҳо аз рафти ҷаласа: