ПАЁМ – РОҲНАМО БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Хабарҳо

Имрӯз бо иштироки муовинони раиси ноҳия Шарифзода Идигул ва Турсунзода Дӯстмурод дар муассисаи таҳсилоти умумии 4-и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва литсейи давлатии 1-и маркази ноҳия вохӯрии волидайну омӯзгорон доир гашт.

Дар вохӯрии мазкур иштирокчиён ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар ибрози ақида намуданд.

Дар вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба тарзи дахлдор ба роҳ мондани ҳамкории волидайн бо омӯзгор суханронӣ намуданд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: