ПАЁМ – ДАСТУРИ МУҲИМИ РАВАНДИ ИНКИШОФИ ҶОМЕА

Хабарҳо

28-уми январ, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, вобаста ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои деҳоти ба номи С.Айнӣ ва Ҳилолӣ бо сокинон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси РСМС – и вилояти Хатлон – Шарифзода Назрулло ва муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул ва дигар фаъолону сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Масъулин вобаста ба таҳлилу баррасӣ, дастуру супориш ва супоришҳое, ки зимни ироаи Паём, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта буданд, ибрози назар карданд.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паёми худро расонида, бо зикри пешрафту муваффақиятҳои тамоми самтҳои давлатдорӣ ва баёни масъалаҳои мубрами рӯз дар саросари кишвар ва берун аз он, миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ки дар он муҳимтарин самтҳои давлатдорӣ, ба бунёди ояндаи нек ва рушду устувории иқтисодиёти мамлакат, инчунин некӯаҳволии ҷомеа пояҳои устувор мегузоранд.

Ҳамзамон оид ба пешгирии масъалаҳои доғи рӯз терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгирии ҷиноят дар байни ҷавонон ва дигар аъзои ҷомеа, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон суханронӣ карданд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: