Рӯзи 10-уми феврали дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон, муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар рафти нишаст рӯзноманигорони телевизион, радио ва матбуоти даврии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Суризода Носир оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд.
Ҳамзамон Суризода Н.М. ба саволҳои ҳозирин ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти оби полезӣ ва нӯшокӣ дар ноҳия, беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии беҳдошти солимии мардум, тозагии муҳити атроф, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва софдилона хизмат намудани хизматчиёни давлатӣ ба мардум посухҳои мушаххас доданд.
Аксҳо аз рафти нишасти матбуотӣ:

