“САРБОЗИ ШУҶОЪИ ВАТАН”

Хабарҳо

Таҳти унвони “Сарбози шуҷоъи Ватан” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон нақша – чорабиниҳо тасдиқ гардида, имрӯз бо иштироки Наимзода Гулчеҳра – намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Бобоева Сабагул – намояндаи бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, бахшҳои ҷавонон, фарҳанг ва фаъолзанони ноҳия дар қисми ҳарбии низомии 06870 – “Б”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фахробод бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон миёни афсарону сарбозон чорабинии идона баргузор гардид.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ: