Бо дарназардошти иҷроиши саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ироа намуданд, имрӯз дар ноҳияи Хуросон бо иштироки муовинони раиси ноҳия Турсунзода Дӯстмурод, Шарифзода Идигул, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Точикистон дар вилояти Хатлон – Кулобизода Комрон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар ин маврид, Кулобизода Комрон оид ба вазъи душвори сиёсии имрӯзи ҷомеа, нигаронкунанда будани вазъи коррупсионӣ дар ҷумҳурӣ, пешгирии ҳама гуна ҷиноят ва беҳтар кардани ҳолати иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфтанд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

