Санаи 19 феврали соли 2025 зимни боздид аз намоиш ба муовини аввали раиси вилояти Хатлон – Мирзозода Музаффар, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод вобаста ба омодагии техника ва мошинолот маълумоти муфассал пешниҳод гардида, таъкид шуд, ки дар ноҳия беш аз 100 адад техникаи кишоварзӣ ба қайд гирифта шуда, омода ба кишт мебошанд.
То оғози мавсими кишт шумораи дигари техника низ аз таъмир бароварда шуда, ба маввсими кишт сафарбар мегардад.
Боиси қайд аст, ки майдонии умумии кишт дар ноҳияи Хуросон беш аз 10967 гектарро ташкил намуда, хоҷагидорон тибқи накшаи дурнамо амал карда истодаанд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

