ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Хабарҳо

Зери унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” имрӯз дар ноҳияи Хуросон ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар ноҳияи Хуросон 46 хонанда гирандагони стипендияи Президентӣ буда, зиёда аз 70 донишҷӯ тариқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳҳои Олӣ таҳсилро давом дода истодаанд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон соҳаи варзиш рушд ёфта, ҷавонон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба хонандагон стипендияи Президентӣ тақдим карда шуд.

Аксҳо аз рафти ҳамоиш: