ХУРОСОН:ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛӢ.

Хабарҳо

Имрӯз, 2- юми март субҳи барвақт дар ноҳияи Хуросон бо садо додани суруди миллӣ бо иштироки раиси ноҳия – Суризода Носир Мурод дар участкаи интихоботии № 36 раванди овоздии интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид.

Ба иттилои Аминов Алимаҳмад, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот дар ҳудуди ноҳия 33 участкаи интихоботӣ бо нишондоди ҳудудҳо ва шумораи эҳтимолии овоздиҳандагон ва ҳайати онҳо таъсис ва ташкил карда шуда, интихобкунандагон 70 062 нафарро ташкил медиҳад.

Тағоймуродов Муҳаммадюсуф, раиси участкаи интихоботии № 36 изҳор дошт, ки раванди овоздиҳӣ мутобиқи қонунҳои амалкунанда сурат гирифта, барои интихобкунандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

“Интихобот дар фазои озоду шаффоф ҷараён дошта, интихобкунандагон низ аз сатҳи ташкили овоздиҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аксҳо аз рафти интихобот: