Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯз дар Кохи Хуросон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Модар қимматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шакси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст.
Бахшида ба Рӯзи Модар ба як қатор бонувон барои хизматҳои арзанда ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуда, барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

