Яке аз омилҳои асосие, ки имрӯз ҷавононро ба роҳи тангу торик мерасонад, ин ақидаи хурофотӣ ва ифротӣ аст. Зеро маҳз шахси ифротгаро дар заминаи ақидаҳои пучу беасоси худ хурофотӣ мегардад.
Бо мақсади пешгири намудани чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия – Сатторов Икромҷон бо ходимони дин вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ифротгароӣ ҳолатест, ки як инсон динро дурӯст нафаҳмида, ба ҷои он хурофот ва ақидаҳои тангу торикро пайравӣ мекунад. Ифротгароён касоне ҳастанд, ки ба ҷои таълиму тарбия ва ибодату пайравӣ аз дин, ақидаҳо ва мақсадҳои сиёсиро пайравӣ мекунанд ва ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ сохта, мехоҳанд давлатро ба даст гиранд. Барои расидан ба ин мақсади сиёсии худ динро истифода мебаранд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки имрӯз мо бо дастгирии шахсияти бузурги таърихӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фазои солиму осоишта зиндагӣ мекунем ва ҳифзи ҳамин фазо барои мо ҳам қарзи шаҳрвандӣ ва ҳам воҷиби имонӣ аст.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

