Бо ташабуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон имрӯз дар ноҳияи Хуросон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи мазкур сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон – Аваззода Шараф Тавар иштирок намуда, зиёда аз 5000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд.
Ин иқдом дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба кишвари сабз табдил додани кишварамон роҳандозӣ карда шуд.
Аксҳо аз рафти ниҳолшинонӣ: