Имрӯз 13-уми марти соли равон дар толори васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, баргузор гашт.
Дар маҷлиси мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимичти давлатии вилояти Хатлон, муовини директори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия дар вилояти Хатлон – Шарифзода Назрулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иҷлосия масъалаҳои:
1. Ахбороти Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.
2. Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.
3. Дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.
4. Дар бораи тасдиқ намудани ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.
5. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Масъалаҳои ҷориро мавриди баррасӣ қарор дод.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:
