Баҳри дар амал иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025, рақами 915 “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, имтиёзҳои андозӣ” 18 марти соли ҷорӣ вохӯрӣ бо соҳибкорони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Турсунзода Дӯстмурод – муовини раиси ноҳияи Хуросон ва Давлатов Маҳмадӣ – муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузор кардани вохӯрии мазкур ин чун анъана расонидани кӯмак ба ниёзмандону ятимон дар арафаи идҳои баҳорӣ, баланд бардоштани сифати ободкорӣ, иҷрои нуқтаҳои дар паёми имсола ироа кардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

