Имрӯз 23.03.2025 дар ноҳияи Хуросон дар варзишгоҳи маркази ҷашнгирии иди бошукӯҳи Наврӯз баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳия – Ашуриён Музаффар, раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва намояндаи мақомоти иҷроия ҳокимият давлатии вилояти Хатлон – сардори РСМС ва НА дар вилояти Хатлон – Саъдуллозода Исматулло Наим иштирок намуда, сокинони ноҳияи Хуросонро бо иди Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.
Қайд гардид, ки Наврӯз таҷассумгари оғози ҳаёти нав, умеду орзӯҳои нав ва ҳифзи сулҳу салоҳ мебошад.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон анчомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:


