УРОСОН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ 38.

Хабарҳо

Имрӯз 24.03.2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон вазири Адлия – Ашуриён Музаффар ва раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод дар деҳаи Пахтакори ҷамоати Ҳилолӣ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 38 мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва саҳми сокинони маҳалла сохта шуда, аз 7 синфхона иборат буда, дорои зиёд аз 168 ҷойи нишаст мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мушкилоти ҷои нишасти хонандагони мактаб аз байн бурда шуда, барои омузгорон шароити мусоид оварда шуд.

Аксҳо: