Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, таҳти рақами АП – 711 “Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ҳамзамон ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамояд, рӯзи 15 апрели соли 2025 бо иштироки наврасон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон даври ноҳиявии озмуни мазкур баргузор карда шуд.
Дар озмун 104 нафар иштирок намуда, 60 нафар барои иштирок дар даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Аксҳо аз рафти озмун:
