ВОХӮРӢ БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” ДАР МТМУ 59-и ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СУРХҚАЛЪА

Хабарҳо

Тибқи нақша – чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа гузаронида шуда истодааст.

Аз он ҷумла сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирӣ намудани паҳншавии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, инчунин дар ботини наврасон баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми марзу буми Тоҷикистони азиз, риояи пӯшидани либоси тавсиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ рӯзи 14 апрели соли равон дар муассисаи таҳсилоти умумии 59-и ҷамоати деҳоти Сурхқалъа бо иштироки муовинони раиси ноҳия Шарифзода Идигул, Турсунзода Дӯстмурод ва гурӯҳи корӣ бо усули “Мактаб ба мактаб” вохӯрӣ доир гардид.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: