17 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон таҳти раёсати раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Н.М. бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини раиси Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон – Шарифзода Назрулло ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар семоҳаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа муовини раиси ноҳия ахборот дода, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 – ро баррасӣ намуд.
Раиси ноҳия баҳри саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, масъулинро муваззаф намуданд, ки дар рушди иқтисоди иҷтимоии ноҳия масъулияти баланд нишон дода, ҳар як шаҳрванд саҳмгузор бошанд.
Инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – Шапифзода Назрулло ба сухан баромада афзуданд, ки нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияро ба тарзи мушаххас ва дақиқ таҳлил намуда, сари вақт ба мақомоти вилоят пешниҳод карда шавад.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:

