Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати китобдӯстӣ, тарғиби фарҳанги мутолиаи китоб ва омодагии ҳамаҷониба ба марҳилаи навбатии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон семинари омӯзишии судманд доир гардид.
Дар ин ҳамоиши омӯзишӣ муовини раиси ноҳияи Хуросон — Шарифзода Идигул иштирок ва суханронӣ намуда, аҳли толорро бо суханони илҳомбахш ва андешаҳои арзишманд оид ба нақшу мақоми китоб дар ҳаёти шахсият ва ҷомеа ошно намуданд. Ӯ дар суханрониаш аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти рушди фарҳанги китобдорӣ ва аҳамияти баргузории озмунҳои сатҳи миллӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” ёдовар шуда, онро василаи муҳими боло бурдани завқи китобдӯстӣ дар миёни насли ҷавон арзёбӣ намуд.
Семинари омӯзишӣ дар фазои дӯстона ва ҳамфикрӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён ҳамчун як платформаи мубодилаи таҷриба, андеша ва дарёфти роҳҳои нави тарғиби китобу китобхонӣ хидмат намуд.
АКСҲО:


