ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ АЗ САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ САРЧАШМА МЕГИРАД.

Хабарҳо

Бо мақсади иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини муназзами аҳолӣ ва корхонаҳои ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ,сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии нерӯи барқ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 апрел дар деҳаи Ғаллаободи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ва деҳаи Меҳнати Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ бо аҳолӣ вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар вохӯриҳо Суризода Носир – раиси ноҳияи Хуросон, Сайидамир Алӣ – прокурори ноҳияи Хуросон ва Искандарзода Муҳаммадшоҳ – сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар қонунгузории кишвар дар самти истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии нерӯи барқ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст ва дар сурати вайрон намудани қонунгузории мазкур аз ҷарима то маҳрум сохтан аз озодӣ таҳдид мекунад.

Аксҳо аз рафти вохӯриҳо: