Имрӯз 29.04.2025 таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ҷаласаи корӣ баргузор гардида, масъалаи моҳияти “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” баррасӣ гардид.
Нахуст раиси ноҳия сардори навтаъингардидаи ШВКД дар ноҳияи Хуросон генерал майори милитсия – Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ муаррифи намуда, қайд намуданд, ки хамкории милитсия бо ҷомеа воқеияти таърихии замони муосир дар самти пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб рафта, дар асоси Барнома ва Стратегияи ислоҳоти (рушди) милитсия ба роҳ монда шудааст.
Сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон генерал майори милитсия – Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ ба сухан баромада, қайд намуданд, ки ҳамкории мазкур мақсади таъмин ва рушди зиндагии арзандаи инсон ва эҳёи ҷомеаи бехатарро дошта, моҳияти давлати иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра мегардонад.
Дар раванди ҳамкории самараноки милитсия бо ҷомеа ду ҷанбаи асосие, ки ҳадафҳои асосии стратегии ислоҳоти милитсияро ташкил менамоянд, ошкор мегардад:
– баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ;
– хизматрасонии сатҳи баланди милитсия ба ҷомеа.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

