ТАЪМИНИ ПЕШГИРИИ ТАЛАФОТИ НЕРӮИ БАРҚ

Хабарҳо

Дар асоси барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини босифати аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо бо қувваи барқ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии нерӯи барқ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1-уми май дар деҳаи Хуросони Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ бо аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Суризода Носир – раиси ноҳияи Хуросон, Сатторов Икромҷон – сардори КДАМ дар ноҳия, Сафаров Неъматулло – ёрдамчии прокурори ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ба иштирокчиён хотиррасон намуданд, ки дар қонунгузории кишвар дар самти истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии нерӯи барқ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст ва дар сурати вайрон намудани ин қонун аз ҷарима то маҳрум сохтан аз озодӣ таҳдид мекунад.

Аксҳо аз рафти вохӯриҳо: