Зери унвони “Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу пиряхҳо” бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-март “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” дар ноҳия конференсияи илмӣ – амалӣ доир гашт.
Конференсия бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи маорифчиёни вилоят ва фаъолон баргузор карда шуд.
Дар кори конференсия муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон – Абдуллозода Зиёдулло Назар, мудири шӯъбаи таълими филиали ДТИБКСМ дар шаҳри Бохтар – Маҳмадшариф Маҷидов, омӯзгори литсейи давлатии рақами 1-и ноҳияи Вахш – Шамсулло Хайруллоев, унвонҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав – Аҳад Лутфуллоев, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ риёзии филиали ДТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоб – Бобоев Олим ва номзади илмҳои география, омӯзгори фанни географияи Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Кӯлоб – Мирзоев Азиз оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ вобаста ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва нақши ташаббускори он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аксҳо аз рафти Конференсия:


