ОИЛА – АСОСИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ АСТ.

Хабарҳо

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Оила – асоси устувории давлат аст” рӯзи 15 май чорабинӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ Шарифзода Идигул – муовини раиси ноҳияи Хуросон, бахшҳои кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва оилаҳои беҳтарин аз ҷамоатҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон ба кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд, ба оилаҳои навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба оилаҳои беҳтарини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ: