ХУРОСОН: СИТОДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ

Хабарҳо

Субҳи рӯзи 22-юми майи соли равон дар ноҳия бо мақсади омодабошии ҳудудӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулияти ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иштироки Саидзода Бобоҷон – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Муссаллаҳ – муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майор ва шахсони дар эҳтиёт қарордошта мудофиаи ҳудудӣ доир гашт.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидзода Бобоҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки ҳифзи марзу ҳудудии кишвари азизамон қарзи ҳар як шаҳрванд буда, дар мудофиаи ҳудуди иштироки ҳар як шаҳрванди дар эҳтиёт қарордошта шарт ва ҳатмист.

АКСҲО: