ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОФИЗАТИ КӮДАКОН”.

Хабарҳо

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми июн “Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон” ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин замина имрӯз дар ноҳияи Хуросон бахшида ба ҷашни мазкур бо иштироки кӯдакон ва наврасон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида шуд.

Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини раиси ноҳия – Шарифзода И. кӯдаконро бо “Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон” табрик намуда, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Барномаи фарҳангии кӯдакона анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ: