АЗ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ТО ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

Хабарҳо

Субҳи имрӯз таҳти раёсати раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод машварати васеъ баргузор карда шуд.

Дар машварат муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони идораю муассисаҳои дахлдори ноҳиявӣ иштирок доштанд.

Дар машварати имрӯза масъалаҳои зерин, аз ҷумла:

-Ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия оид ба масъалаҳои самти кишоварзӣ, аз қабили таъмини нишондодҳои кишоварзӣ, таъмини кишти зироатҳо, самаранок ва оқилона истифода барии замин, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ, истеҳсоли зиёди маҳсулоти тару тоза дар таъмини бозорӣ истеъмолӣ, таъмини саривақтии кишти такрорӣ ва ба ҳисоботи оморӣ даровардани тамоми маҳсулотҳои ба дастовардаи дастранҷи кишоварзони ноҳия ва бартараф намудани баъзе кабудию мушкилотҳо;

-Бо мақсади таъмин намудани қарори раиси вилояти Хатлон аз 24.04.2025, № 94, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025, № 218 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” ва вобаста ба ин қарори раиси ноҳия аз 13. 05. 2025, №289 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026”, ҷиҳати таъмини саривақтии маблағ барои хариди ангишту ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустии ноҳия;

-Қарори раиси ноҳия №358 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 5.06.2025 , №124 ” Дар бораи уҳдароҳиҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва таъмини нақшаи даъвати тирамоҳии аз тарафи масъулини комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар мӯҳлати пешбинишуда;

-Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 14.05.2025, № 113 “Дар бораи гузаронидани амалиёти Кукнор-2025” ва омода кардани ҷузгирҳо дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо;

-Баррасии пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2025, № 11/27-391 “Оид ба бартараф намудани камбудию қонунвайронкунҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда”;

-Баррасии Пешниҳоди Прокуратураи ноҳияи Хуросон аз 03.06.2025, № 8/27-63-25 “Оид ба бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда вобаста ба фаъолияти Муассисаи давлатии Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”;

-Баррасии Пешниҳоди Прокуратураи ноҳияи Хуросон аз 09.06.2025, № 10/27-72-25 “Оид ба бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда вобаста ба фаъолияти кории муовини раиси ноҳияи Хуросон” ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти кори машварати васеъ, инчунин раиси ноҳия баъзе маълумотҳоро дар қиёс бо солҳои пеш мисол оварда, дастур дода шуд, ки нишондиҳандаҳои омориро ба тарзи дақиқ роҳандозӣ намуда, саривақт пешниҳод карда шаванд.

Аз раисони ҷамоатҳо ва тамоми роҳбарони идораву муассисаҳо, роҳбарияти ноҳия тақозо намуд, ки ба тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф, иҷрои дурнамои кишти такрори, амалӣ намудани бандҳои нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз диққати худро равона созанд.

Аксҳо аз рафти машварат: