КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”.

Хабарҳо

Имрӯз, 18-уми июни соли равон, дар Кохи Хуросон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва моҳияти таърихӣ доштани он” бахшида ба 28-умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ноҳиявӣ доир гардид.

Дар конференсия муовини раиси ноҳия Шарифзода Идигул, собиқадорони соҳаи маориф, фаъолон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.

Дар раванди кори конференсия муовини раиси ноҳия Шарифзода Идигул оид ба таъмини сулҳу суботи, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон ҳамчун асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Зеро ин санад боиси хотима ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, он барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардум шароити мусоид фароҳам овард.

Инчунин дар кори конференсия кормандони соҳаи маорифи ноҳия Гулов Хуҷамқул, Аюбова Зулқаъда, Хоҷаева Аноргул, Соҳибназаров Талбак, директори маркази ҷавонони ноҳия Исоева Мавзуна оид ба моҳият, арзиши сулҳу субот, пойдориву ифтихори бузурги Ваҳдати миллӣ сухан гуфтанд.

Аксҳо аз рафти конференсия: