Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвозгирии 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи “Ваҳдати миллӣ” имрӯз 25-уми июни соли равон бо иштироки раиси ноҳия – Суризода Носир Мурод иншоотҳои ҷашни мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бояд қайд намуд, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати С.Айнӣ корхонаи хиштбарорӣ бо теъдоди зиёда аз 12 – ҷойи корӣ, китобхона барои аҳолии деҳаи Навзамини ҷамоати С.Айнӣ ва пули мошингузар дар деҳаи Ғаллаободи ҷамоати Ғаллаобод сохта шуда, барои сокинони маҳал шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.
Ҳамзамон, дар Кохи Хуросон чорабинии фарҳангӣ бо ҳалби ҳунармандони сатҳи ҷумхуриявӣ баргузор гардида, фаъолон ва собиқадорони меҳнат аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қадрдонӣ гардиданд.
Аксҳо:

