Имрӯз 27.06.2025 баҳри сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисмҳои ҳарбии 06817 Б-и ҷамоати деҳоти Сурхқалъа ва 06870 Б – и ҷамоати деҳоти Фахробод чорабиниҳои тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳо буда, бо ранҷу машақатҳову ҷонбозиҳои шахси бузурги таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ҳамзамон, аз тарафи Вазорати Адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои ҳарбии зикргардида, маводҳои озуқа ва хуроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуда, барои болидахотирии сарбозон бо ҷалби ҳунармандони соҳаи фарҳанги сатҳи ҷумҳуриявӣ барномаи фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Аксҳо:

