ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

Хабарҳо

Рӯзи 28-уми июни соли равон дар толори васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, баргузор гашт.

Дар маҷлиси мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон – Олимбекзода Абдулхайр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иҷлосия масъалаҳои:

1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Хуросон аз 24.09.2021, № 490 ” Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 24.05.2021, № 158 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, № 116 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”.

2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Хуросон аз 20.09.2021, № 479 “Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 31.05.2021, № 167 “Доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, № 115 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025.

3. Масъалаҳои ҷориро мавриди баррасӣ қарор дод.

Аксҳо аз рафти ҷаласа: